Иншо дар бораи точикистон ватани навруз аст скачать

Иншо дар бораи точикистон ватани навруз аст

Войдите в ОК.
Тољикистон ватани Наврўз аст Бўи Наврўз расад аз њама дар, Рўи Наврўз расад аз њама дар, Њама дар анљумани Наврўз аст, Тољикистон ватани Наврўз аст Инак Наврўзи хуљастапайк ва бањори нозанин бо њама гулпўшињову гулљўшињояш ва бо шаъ-шаъа пошињои хуршеди зарњалинаш ба сарзамини Ориён ќудуми муборак менињад. Аз њар гўшае боди гулбези бањорї ба машомњо бўи атрогини гулро мерасонаду булбули наѓмапардоз суруди наврўзро дар шохи гул замзама мекунад: Атри гул дар чамани наврўз аст, Фасли ѓул-ѓулфикани Наврўз аст, Њамаљо анљумани Наврўз аст, Тољикистон ватани Наврўз аст. Оре, Тољикистони азизи Мо яке аз он марзњои Ориён аст, ки дар он суннатњои волои аљдодонамон то њанўз побарљосту мардуми шарифаш ин суннатњоро пос медоранд, ки азќабили ин идњо «мењргон» , «сада» ва «наврўз» мебошанд. Машњуртарине аз ин идњо «наврўз» аст, ки маънояш «рузи нав» ёки рўзи аввали сол мебошад.

Онро дар рўзи Ормузди моњи Фарвардин аз таќвими Зардуштї мутобиќ ба 21-уми март љашн мегиранд. Онро дар Эрон, Исроил, Сурия, Њиндустон, Ўзбекистон, Афѓонистон ва ѓайра низ бо шукўњи хоса љашн мегиранд. Аммо боиси ифтихори мост, ки дар њама љо онро бо шеваи ширини тољикї «Наврўз»-аш ном мебаранд. Мардуми Ориёи нажод Наврўзро чун рузи нек, оѓози сол, фасли оѓози кишту кор, рўзи ѓалабаи некї бар бадї ва чун рўзи ѓалабаи ањрамаздо бар ањриман мешумориданд. Љашни Наврўз таърихи хеле ќадима дорад. Масалан Умари Хайём дар «Наврўзнома»-аш овардааст: : «Чун Љамшед ба тахти подшоњи нишаст, нек бар бад пирўз шуд ва Ў ин рўзро «Наврўз» ном нињод». Дар «Шоњнома»-ааш Фирдавсї бузург низ онро ба Шоњ Љамшед нисбат медињад.Аммо нуљумшиносии имрўза исбот намудааст, ки мањз дар ин рўз замин як даври пурраи худро дар атрофи офтоб тамом намуда, ба мавќеи пешинааш бозмегардад, яъне дар рў ба рўи офтоб ќарор мегирад ва баробарии шабу рўз ба вуљуд меояд. Пас маълум мешавад,ки ин рўз як рўзи оддии хурсандї набуда, асоси илмиро низ доро мебошад. Гузаштагони мо њама Наврўзро пос медоштанд ва рўзи муроди хеш медонистанд.Масалан Њофиз:

Зи кўи ёр меояд насими боди Наврўзї, Аз ин бод ар мадад хоњи чароѓи дил барафрўзї. Ё Њилолї: Рўзи Наврўз асту сайри гулузори ман куљост, Дар чаман ёрон њама љамъанду ёри ман куљост. Ана Хайём: Чун абр ба Наврўз рухи лола бишуст, Бархезу ба љоми бода кун ањди дуруст, К-ин сабза, ки имрўз тамошогањи туст, Фардо њама аз хоки ту бархоњанд руст. Наврўзи Љамшедї чанд хусусиятњои фарќкунандаи худро дошт. Он њафтрўз давом ёфта, дар ин муддат «Подшоњи наврўзї» интихоб мекардонд. Подшоњи мулк латтаеро байни издињом мепартофт ва он ба њар касе, ки расад ў 7 рўз подшоњ эълон мешуд ва њукмаш равои ин муддат буд. Расми 7 сину 7 шин низ дар ин давра пайдо шуда буд, ки маънои њафт сину њафт шин дар он аст, ки дар ин рўз њафт намуд хўрокро, ки бо њарфи син(перс. ??? ???) ва њафтои дигар бо њарфи шин огоз мешуд тайёр мекарданд.Пухту пази кулчањо ва таомњои болаззат як рукни људонопазири Наврўз буда «суманак» њамчун рамзи наврўзї буд. Маросимњои байтгўї, сурнойнавозї, аспдаввонї, гуштингирї дастхобонї, бандкашї, бузкашї ва дигар бозињои миллї ба ин љашни пуршукўњ зебу зиннати хосае медод. Њоло бошад, баъзе аз ин анъаноти ниёгон аз байн рафта, аммо аксарияти онњо то њанўз побарљоянд.

Масалан подшоњи наврўзї аз байн рафта бошад њам суннатњои аспдавонї, байтгўї, сурнойнавозї, гулгардонї, гўштингирї ва ѓайра то њанўз побарљоянд. Нахуст омадани Наврўзро кўдакон бо расми «гулгардонї» ё «бойчечак»-гўї мужда мерасонанд. Онњо дар ба дар гашта ба наварўсон гули Наврўз (бойчечак)-ро, ки яке аз рамзњои наврўзист бо абёти зерини халќї њадя мекунанд: Бойчечак, бойчечак, Бойчечак омад лучак, Биё бигир келинчак, Бойчечак, бойчечак! Дар љашни Наврўз тайёр намудани «Суманак» бошад як усули хосаи худро дорад.Онро асосан аз шираи гандум тайёр мекунанд. Занону духтарон љамъ омада бо абёти зерини халќи онро мепазанд: Суманак дар дег мо кафча занем, Дигарон дар хоб мо дафча занем, Суманак рамзи бањорай Суманак бўи бањорай… Пўшидани либосњо низ дар љашни наврўз услуби хосаеро дорост.

Занону духтарон куртањои зебои атлас, чакан ва сару пои гулдўзиро ба бар мекунанд. Мардон асосан бо љомањои гулдўзишуда, тоќии чоргул ва асосан либосњои тозаву шинам ва сабзу сафедро ба бар мекунанд. Мардон дар ин рўз ба пањлавонї, бузкашї ва ѓ. машѓул шуда духтарон бошанд асосан раќсу суруд ва байтхонињову чистонгўињо мекунанд. Мардум ин рўзро рўзи кушоиш ва васли ошиќон медонанд: Ба муродаш њама дилдода расад, Ба њама бахти худодода расад, Њама дар анљумани Наврўз аст, Тољикистон ватани Наврўз аст. Њама хусусиятњои ин љашни муборакро ба назар гирифта ЮНЕСКО аз 30-уми сентябри соли 2009 онро ба ќатори 76 рўйхати фарњанги љањонї дохил намуд ва њамчун љашни байналмиллалї шинохт.

Ин воќеаи фарањбахш моро месазад, ки ифтихоре аз ниёгони хеш намудаву суннати эшонро зинда ногоњ дорем ва барои гузаронидани ин иди байналмиллалї ки дар Тољикистони азизамон баргузор мегардад омодагии њамаљониба гирем. Љашни Наврўзи аљам муборак бод!

Скачать по ссылкам:


  • Иншо дар бораи точикистон ватани навруз аст

  • Иншо дар бораи точикистон ватани навруз аст
  • Вам может понравиться: